ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Факултети физика яке аз факултетҳои куҳантарини донишгоҳ ба ҳисоб рафта он 1949 ҳамчун факултети физикаю математика таъсис ёфтааст. Соли 1964 факултети физика аз таркиби факултети физикаю математика ҷудо шуда, ба сифати факултети мустақил то кунун фаъолият дорад.

Факултет айни ҳол маркази пурқуввати таълимию илмӣ ва муҳандисӣ буда, дар факултет аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр карда мешавад: физика; астрономия; радиофизика ва электроника; мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо; метеорология ва климатология; метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия, радиоэкология.

Хатмкардагони болаёқат имконияти давом додани таҳсил ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотиро доир ба мавзўъҳои актуалӣ дар аспирантура доранд. Ҳамчунин донишҷўён, аспирантон ва номзадҳои илм аз ҷумлаи ҷавонон барои иҷрои корҳои дипломӣ, аспирантура ва коромўзӣ ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Хатмкардагони факултет дар соҳаҳои гуногуни пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар бо муваффақият фаъолият доранд. Соҳаи маориф, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, микроэлектроника, наноэлектроника, радиотехника, системаҳои алоқаи мобилӣ, технологияи компютерӣ аз ҷумлаи онҳост.

Хатмкардагони факултет дар соҳаҳои гуногуни пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи кишвар бо муваффақият фаъолият доранд. Низоми маориф, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, микроэлектроника, наноэлектроника, радиотехника, системаҳои алоқаи мобилӣ, технологияи компютерӣ аз ҷумлаи онҳост. Хатмкардагони факултет имрўзҳо дар вазоратҳову донишгоҳҳо ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ самаранок фаъолият мекунанд. Масалан, Раҳимов Ф.Қ. – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор; Одинаев С.– ноиб-президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, профессор; Марупов Р.М. – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор; Максудов А. – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров, номзади илмҳои физ.-мат., дотсент; Муминов Ҳ.Ҳ. – директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, Холмуродов Х. –мудири сектори Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи ФР, Сарҳадов И. – ходими пешбари ҳамин Институт чанде аз хатмкардагони факултети физика мебошанд. Профессорон Ҳакимов Ф.Х., Нарзиев Б.Н., Бобоев Т.Б., Абдуллоев Ҳ.О. бо унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дотсент Нарзиев Ҳ.Н. бо унвони Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуллоев Ҳ.М. ва дотсент Саъдуллозода Ҳ. бо ордени «Шараф» сарфароз шудаанд. Профессорон Абдуллоев Ҳ.О. ва Солихов Т.Х. барои силсилаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2014 ба Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.У.Умаров сазовор гардиданд.

Декан: номзади илмҳои физикаю-математика, дотсент Солиҳов Давлат Қуватович

Солиҳов Давлат Қуватович

Солиҳов Давлат Қувватович (15.01.1956, ноҳияи Ҳамадонӣ) физикадон, хатмкардаи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1978), номзади илмҳои физика ва математика (1987), дотсент (2001). Фаъолияти меҳнатиаш аз аспиранти ДДТ (1978-1981) оҒоз гардида, минбаъд дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи физикаи назариявии ДДТ (1982-1989), ходими илмии Институти физикаю техникии ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ (1990), муаллими калон, дотсент, иҷрокунундаи вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1991-2001), дотсенти кафедраи физикаи назариявии ДМТ (2001-2008), директори Институти илми-таҳқиқотии ДМТ (2009-2011) ва аз соли 2011 то ин ҷониб декани факултети физика идома дорад.

Солиҳов Д.Қ. муаллифи зиёда аз 65 мақолаҳои илмӣ, 10 дастури таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст (2009).


СУРОҒАИ МО:




Опубликовать в Facebook
Опубликовать в Мой Мир
Опубликовать в Одноклассники